速報APP / 圖書與參考資源 / Гулчини шеърҳо

Гулчини шеърҳо

價格:免費

更新日期:2018-12-24

檔案大小:5.4M

目前版本:2.0

版本需求:Android 2.3 以上版本

官方網站:https://donish.pw

Email:hello@donish.pw

聯絡地址:隱私權政策

Гулчини шеърҳо(圖1)-速報App

Дар ин барнома иқтибосҳои шоирони бузурги форс оварда шудааст.

Рӯҳияи ҳар миллат аз алоқае, ки ба адабиёти қавмии худ иброз ва изҳор медорад, шинохта мешавад ва ҳамчунон тарзи фикру ахлоқи ҳар қавме дар адабиёташ макнун ва мутамаркиз аст.

Гулчини шеърҳо(圖2)-速報App

Алоқаи Эрониён низ ба ахлоқу маънавиёт аз адабиёташон ба хубӣ аён мегардад, чи бисёре аз онҳо барои расидан ба мақомоти малакутӣ шахси шахис ва нафси нафиси Исои Масеҳро намуна ва сармашқ қарор додаанд. Масалан, яке аз намояндагони барҷастаи адабу ирфони форсизабонон лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз вақте мехоҳад олами инсониятро ба олами боло мутаваҷҷеҳ созад ва ӯро ба шахсияте воқеӣ ва мақоми ҳақиқӣ ва қобилияти зотии башарӣ воқиф ва огоҳ кунад, мефармояд:

Гар равӣ поку муҷҷарад чу Масеҳо ба фалак,

Гулчини шеърҳо(圖3)-速報App

Аз фурӯғи ту ба хуршед расад сад партав.

Ва ё:

Гулчини шеърҳо(圖4)-速報App

Ҳаво масеҳнафас гашту бод нофагушой,

Дарахт сабз шуду мурғдар хурӯш омад.

Гулчини шеърҳо(圖5)-速報App

Инак, бархе аз ин ашъор, ки мансуб ба шоирони номии Эрон аст, дар ин ҷузва ҷамъоварӣ намуда, ба пешгоҳи аҳли фазлу адаб тақдим медорем, ба умеди ин ки ҳар хонанда тавонад ба худованди адабу ахлоқ ва подшоҳи муҳаббату накукорӣ — Исои Масеҳ наздик ва аз вай баҳраманд гардад.

Ёдовар мешавем, ки болои ҳар шеър ояте, ки айнан ё тақрибан мазмуни ҳамон шеър бошад, аз Инҷили шариф нақл шудааст. Албатта, ҷамъоварӣ ва таҳияи абёти гулчини мазкур ба қалами шахси дигаре тааллуқ дорад, ки, мутаассифона, номи муаллиф ва маҳалли нашри он дар маҷмӯа зикр нашудааст. Азбаски маҷмӯа ба забони форсӣ ба чоп расидааст ва на ҳамаи хонандагони тоҷикзабон алифбои арабиасоси форсиро ба хубӣ ёд доранд, лозим донистем, ки онро ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ баргардонем ва то ҳадди имкон забонашро ба забони имрӯзи мардуми тоҷик мувофиқ гардонем. Шарҳи баъзе аз калимаву ифодаҳои мушкилфаҳм низ дар поварақ оварда шудааст.

Гулчини шеърҳо(圖6)-速報App

Умедворем, ки ин маҷмӯа писанди аҳли илму ҳунар ва умуман ҳаводорони назми баландпояи форсӣ-тоҷикӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ин сурат таҳиягар худро хушбахт хоҳад донист, зеро дар давоми чанд соли иқомат дар Тоҷикистон ба мардуми ин сарзамини меҳмондӯст ва шеърпарвар сахт унс гирифтаву меҳр бастааст. Табъан, ин маҷмӯа барги сабзест ба нишони меҳру муҳаббат ва арзи сипосу миннатдории бепоён ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони офтобрӯя.

Гулчини шеърҳо(圖7)-速報App